ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби пешгирӣ аз бемории коронавирус, яъне COVID-19 ҳамзамон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Тепалик”-и Ҷамоати шаҳраки Киров бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохӯрии таъсирбахш баргузор намуданд. Масъулини ҳизбӣ дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба аҳолӣ фаҳмониданд. Дар рафти суҳбатҳо диққати асосӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зоҳир гардида, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.
Сипас, кормандони ҳизбӣ қайд карданд, ки заминҳои кишоварзие, ки дар ихтиёри худ доранд, бояд самаранок истифода бурда, дар як сол зиёда аз се-чор ҳосил ба даст оваранд. Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хавфнок ба онҳо ва чи гуна истифода бурдани маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.