ВОКУНИШ. Дар сомонаҳои иттилоотӣ чанде пеш яке аз душманони давлату миллати тоҷик Шарофиддин Гадоев чун ҳарвақта хабарҳои бардурӯғу иғвогаронаи худро паҳн кард. Ба гуфтаи ин бадбахти аблаҳи нобакор гӯё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморӣ гирифтор шуда бошанд. Дурӯғгӯиву туҳматзанӣ ва иғво андохтан вазифаи хонагии ҳаррӯзаи Шарофак мебошад, ки хоҷагону арбобонаш ба ӯ супориш додаанд. Ҳар як шахси солимақлу соҳибватан худ ҳамарӯза шоҳид мебошад, ки вазъияти баамаломада таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бештари одамон ба бемории ҳамагир тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Муҳиддинаку Шарофак ва дигар пайравакони беақли онҳо дида истодаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳарвақта дида дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ва Ҳукумати кишвар бештар сарҷамъ гардида, баҳри рафъи ҳарчӣ зудтари бемории сироятӣ муттаҳидона мубориза бурда истодаанд ва ин ҳолат рашку ҳасуди душманони миллатро афзун намудааст. Аз бечорагиву шармандагӣ душманони миллат ягона илоҷро барои худ дар паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дида истодаанд. Вале он шармандаҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноки худ намерасанд. Мардуми шарифи кишвар хуб дар ёд доранд, ки дар солҳои душвору сангини ба сари миллату давлатомада маҳз Пешвои маҳбубу ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сина сипар намуда, тамоми мушкилиҳоро бартараф карда, мардумро сарҷамъу Ватанро обод гардониданд. Ҳамватанони азизу гиромиқадр, худ қазоват намоед, ки дар солҳои вазнини гузашта Президенти ғамхори миллати мо ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта, дар атрофи мардумаш буданду кишвари мо ва мардуми моро сарҷамъ намуда, барои тинҷиву амонии миллату давлат муборизаи беамон бурданд. Ҳоло он, ки Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлоли мо дар як муддати начандон тӯлонӣ ба як биҳишти рӯи замин табдил ёфтааст, ана ҳамин гуна номардони лаганбардор, ки бо хоҷагонашон дар хориҷаҳо пушту паноҳ мебаранд, бар зидди давлату миллати мо аккос задда истодаанд ва мо боварии онро дорем, ки ҳеҷ як нақшаҳои ин номардон иҷрои худро нахоҳад ёфт.
Мардуми шарифи тоҷик имрӯз ҳам дар вазъияти баамаломада такя ба хираду ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои маҳбуби худ доранд. Шӯрапуштоне чун Шарофаку Муҳиддинак ҳеҷ гоҳ хизмате ба халқу Ватан накардаанд ва баръакс доимо дар паи ноором сохтани фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Мардум ҳаргиз ба ҳарфҳои ин зиштрӯёну қабеҳлафзон гӯш намедиҳанд. Зеро чуноне зикр кардем, наҳзатиҳои хоин як маротиба мардуми тоҷикро хонавайрону хоки Ватанро ба хун оғушта карда буданд ва имрӯз боз ҳам дар сар ҳамон андешаи заҳрогин бо роҳи зӯрӣ сарнагун намудани сохти конститутсионӣ дар кишварро доранд. Аз ин лиҳоз аз мардуми шарифи кишварамон самимона даъват ба амал меорам, ки дар ин рӯзҳои мудҳиш ба гапҳои дурӯғу бофтаи душманони миллат гӯш надода, бояд дар атрофи Пешвои маҳбуби миллатамон муттаҳид шуда, аз як гиребон сар бароварда, сарҷамъона дар мубориза бо ин вабои аср, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст, мубориза бурда,пирӯз гардем.
Даминов Илҳом, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш