ВОКУНИШ. Имрӯзҳо хуруҷи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар дунё шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари ин беморӣ дар аксарияти давлатҳо ба қайд гирифта шуда истодааст. Тибқи маълумотҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, мутобиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус ( COVID-19) ба қайд гирифта шуд. Бо назардошти ин вазъ мавҷудияти бемории сироятии коронавирус дар кишвар расман тасдиқ гардид. Шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланди инсониву имонӣ дар рӯ ба рӯи ин таҳдид бештар аз худ матонат нишон дода истодаанд. Мардум ба таҳлука наафтода, ба воҳимаҳо дода нашуда, баръакс сабру таҳаммулро пеша намуда, фидокорона ва аҳлона кору фаъолият намуда истодаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус тамоми чораву тадбирҳоро андешида истодааст. Муттаассифона, имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ бадбинони давлату миллат овозаю хабарҳо, иғвою дассисаҳои бардурӯғ ва иғвоангезро паҳн намуда, дар ҳаққи Роҳбари давлат ҳар гуна хабарҳои беасосро паҳн намуда истодаанд, ки аз ҳақиқат фарсахҳо дур мебошанд. Агар шумо дар ҳақиқат дӯстдори миллату Ватан бошед, дар ин рӯзҳо ба ҷои иғвою дасиса бардоштан ба корҳои хайрхоҳона машғул шуда, ба мардум ҷиҳати бо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳо таъмин намудан дасти ёрӣ дароз менамоед. Мардумро ба сабру таҳаммул ва роҳу усулҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин ваборо фаҳмонида медиҳед. Маърифати рафтор дар ҳолатҳои фавқулодаро дар ниҳоди мардуми кишвар фаҳмонида медиҳед. Шумо душманони миллат бояд донед, ки бадбахтӣ одамонро муттаҳид мекунад на ҷудоиандозӣ.
Ба шумо «дӯстдорони миллат» бори дигар муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки ба ҷои овазапаҳнкунию иғвоангезӣ дар ҳамин ҳолати ваҳм пушти пастзании ҳамдигар, гандакунии Ҳукумату Сарвари давлат нашавем, даст ба дасти ҳамдигар дода, барои паси сар намудани ин вабои аср ҳиссагузор бошем. Танҳо дар ҳамин ҳолат ба ҳар балое ғолиб хоҳем гашт.
Ализода Сураё, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав