БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ ВОСИТАИ БЕҲТАРИНИ СОЛИМИИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ВОКУНИШ. Дар давоми умраш ҳар як инсон ба ҳодисаву воқеаҳои зиёде ва пастиву баландиҳои зиндагӣ дучор мешавад. Бемор шудан ва ба касалхона хобидани  ҳар як шахс аз эҳтимол дур нест. Бемор шудани шахс боиси гапу хабарҳои воҳимаангези ташкилоте ё идорае чун Радиои Озодӣ, ки гӯё Давлатҷон Ғаффорзода, раиси дафтари ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пеш аз муҳлати карантин аз бемористони марказии ноҳия “ Фирор кардааст ” ба фикри ман аз рӯи мантиқ нест. Худ фикр кунед, ки раиси дафтари ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия.

Оё бемор шудани шахсро тобиши сиёсӣ додан ба ҳизби сиёсӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, ё дину мазҳаб мумкин аст? – албатта не.

Бародарони азизу гиромӣ, кормандони Радиои Озодӣ фаромӯш накунед, ки маҳз ба шарофати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба гуфти шумо “ ҳизби ҳоким ” дар Тоҷикистон шумо амал карда истодаед.

Маҳз бо шарофати ҲХДТ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва ваҳдати сартосарӣ амалӣ гардидааст. “ Ҳизби ҳоким ” аст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Ба шарофати ҲХДТ таҳкими амнияту оромии фазои сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд таъмин гашта истодааст. Тамоми дастовардҳои замони истиқлолият ба ҲХДТ тааллуқ доранд, ки инро тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон медонанд.

Давлатҷон Ғаффорзода аз 27 уми апрел то 2 юми майи соли 2020 дар ҳақиқат дар беморхонаи марказӣ аз рӯи ташхиси гулӯдард хобидааст. Қариб дар давоми як ҳафтаи дар беморхона буданаш таби вай аз 37, 3 то 37, 4 0С баланд шудаасту халос. Бинобар сабаби хуб будани вазъи саломатиаш рӯзи 2- юми май бо иҷозати духтури табобатӣ ба хонааш рафтааст. Давлатҷон Ғаффорзода оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд мебошад. Агар вай касал мебуд, то имрӯз худаш ва зану фарзандонаш ҳам бемор мешуданд. Рӯзи 4 майи соли равон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар утоқи кориаш буд  ва ба кормандон супоришҳо барои иҷро дар давоми ҳафтаи корӣ доданду худ то соати 19 30 кор карданд. Агар Давлатҷон  Ғаффорзода бемор мебуданду аз карантин мегурехтанд, дар ҳақиқат хиёнат ба худ ва аҳли оилаи худ мекарданд. Ғаффорзода Давлатҷон вазъи саломатии худро хуб эҳсос карда, бо иҷозати духтурони табобатӣ баромада хонааш рафтаст. Маълум аст, ки карантин бо мақсади пешгирӣ аз  бемории сироятии коронавирус аст, на аз бемории гулӯдард. То имрӯз вазъи саломатии худ ва фарзандонаш хуб аст. Аз саҳарии барвақт то бегоҳ дар ҷойи кор аст ва фаъолияти меҳнатии  худро баҳри амалӣ гардонидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона карда истодааст.

Мо бояд ҳизбҳоро ба ҳокиму ноҳоким ва худиву бегона ҷудо накунем. Аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон медонем, ки ҳизбу ҳаракатҳо барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузоштан, ормонҳои мардумро ба барномаи созандаи хеш амалӣ мегардонанд.

Мо аз шаҳрвандони кишвар ва онҳое, ки ҳар пора хоки Ватан барояшон азизу муқаддас аст, даъват менамоем, ки ҳамроҳи мо бошанд, афкори сиёсии ҳизби моро дастгирӣ намоянд ва аз ҳама муҳимтар барои бунёди давлати демократӣ ва шукуфонии Тоҷикистони маҳбуб ҳиссагузор бошанд.

Гадоӣ Сайдалиев, корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg