БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША. Санаи 5 майи соли ҷорӣ дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас, суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ пахш гардид. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст суханони доктор Ораш Алоиро сармашки кори худ намуда, вобаста ба пешгирии бемории COVID-19, бахусус   риояи гигиенаи шахсӣ ва ҳолатҳои беҳдоштӣ хуб диққат намояд. Дар ҳаққиқат доктор Ораш Алоӣ дуруст қайд карданд, ки асоси роҳи пешгирии дилхоҳ беморӣ ин риояи гигиенаи шахсӣ ва ҳолатҳои беҳдоштӣ мебошад.

Кишварҳое, ки аз ин вирус зиёд зарар дидаанд, маълум намуданд, ки ин вирус дар бадани  аз 30 то 50 фоизи шахсони аломатнадошта  вуҷуд  доштааст ва онҳо онро ба дигарон интиқол медиҳанд. Ин нуқта барои шаҳрвандони кишвари мо бисёр муҳим аст. Новобаста аз он, ки аломат дорем ё надорем, яъне сулфа ё ҳароратбаландӣ, ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигиениро риоя кунем. Якум, даҳонро бо ниқоб пӯшонем. Дуввум, дастҳоро зуд-зуд бишӯем ва агар имкон бошад дастпӯшак пӯшем, чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар ва баъдан ба чашм бирасанд. Севвум, дар маконҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, ҳатман фосиларо риоя намоем, аз якдигар дар масофаи  2 метр қарор гирем.Инчунин, доктор Ораш Алоӣ дар давоми суҳбат қайд карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ барои паҳн нашудани бемории COVID-19 бисёр нақши асосӣ мебозад. Тамоми дунё бояд ин қоидаҳоро риоя кунад. Чун мо медонем, бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ ҷумҳурие аз он иммунитет надорад. Бо ин сабаб бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам гирем ва қоидаҳои гигиениро риоя кунем, то тавонем ин бемориро аз байн барем.

Вобаста ба паҳншавии ин беморӣ бошад доктор Ораш Алоӣ иброз доштанд, ки манбаи асосии паҳншавии ин вирус ҷамъомадҳои серодам ва риоя накардани талаботҳое, ки ин бемориро пешгирӣ мекунад, мебошад. Аз ҳамин хотир ҳар яки моро зарур аст аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯста, дар хона бо риояи ҳамаи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ саломатии худ ва наздиконамонро эмин нигоҳ дорем.

Фирдавс Ғафурзода,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак                                  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg