БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БОВАР НАДОРЕМ

ВОКУНИШ. Ҳамеша дар айёми барои мардум сангину душвор дар қатори ашхоси нексиришт ва хайрхоҳ мутаассифона афроди бадгуҳар ва бадгумон аз худ дарак медиҳанд ва бо афкору аъмоли фитнаангезонаашон мехоҳанд суботи кишвар ва осудагии мардуми онро халалдор созанд.

Дар ин рӯзҳои ҳассос моро мебояд, ки  атрофи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид бошем, то ки сарҷамъона дар мубориза бо ин вабои аср пирӯз гардем. Шарофиддин Гадоев аз хориҷи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғеро паҳн сохтааст, ки гӯё Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемор шуда ва гӯё бо ҳавопаймо ба Олмон бурда шудаанд.

Ин хабаре, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат, амсоли Шарофиддин Гадоев дар шабакаҳои  Фейсбук, Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳеҷ асосе надорад, зеро Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломадаи ҷомеа  ҳастанд.

Дар ин вазъияти мураккаб, ки тамоми ҷамеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, нотавононбинон ҳатто ширкати Ҷаноби Олиро дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ зери суол бурдаанд, вале ҳамаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, кормандони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигорону наворбардорон, ки шоҳиди бевоситаи иштироки Пешвои миллат дар ин ҷаласа буданд, акнун бори дигар фаҳмиданд, ки Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо чӣ касоне ҳастанд.

Аз ҳамаи мардуми сарбаланду меҳнатдӯстӣ Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки ба ин овозаҳои бардурӯғи душманони миллату давлат бовар накарда, бо азму иродаи қавӣ ва баҳри ояндаи босуботи кишварамон ин давраи ҳассосро низ паси сар намоянд.

Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш           

   

            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg