
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир карда, ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин вабо тавсияҳои судманд доданд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавиро дастрас намуданд. Инчунин, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ба истилоҳ Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ як қатор дастурҳои муфид дода шуд.