НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии CОVID-19 аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии №37 Одиназода Санавбар ба якчанд нафар собиқадорони ҳизбу меҳнат ва оилаҳои ниёзманд дар ҳудуди кӯчаҳои маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ кӯмак карда шуд.
Зимни дастрасии маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ Одиназода Санавбар таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ҳар яки моро зарур аст ҳолатҳои беҳдоштиро хуб нигоҳ дошта, гигиенаи шахсиро риоя намоем худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Чун саломатӣ ганҷи бебаҳост моро зарур аст ин неъмати бузургро эҳтиёт кунем.
Вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ бошад, ҳамарӯза аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда мешавад. Зимни баргузории чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинон таъкид карда мешавад, ки аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, гигиенаи шахсиро риоя намоянд то худ ва наздиконашонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд.