БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ПОРЧА ЗАМИН МАНФИАТОВАР АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус  бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии №6 Зоирзода Савзаалӣ Шукур ба якҷанд нафар маъюбони кӯчаҳои Сафаралӣ Ниёзов 13,14,15 ва Рӯдакӣ-9 маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳо кӯмак карда шуд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ҳар як нафарро зарур аст, ҳолатҳои беҳдоштиро хуб нигоҳ дошта, гигиенаи шахсиро риоя намоянд худ ва наздиконашонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доранд. Чунки саломатии ҳар як нафар дар дасти худи ӯст.

Инчунин, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Норак вобаста ба пешгирӣ аз бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинон варакаҳои иттилоотӣ дастрас кардашуда шуда, таъкид гардид, ки истифодаи самараноки ҳар порча замин, барои таъмини амнияти озуқаворӣ  манфиатовар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg