БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД БА МАСЪАЛАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ХУД ЭЪТИБОРИ АВВАЛИНДАРАҶА ДИҲЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар кӯчаҳои маркази шаҳр, инчунин дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо истифода аз баландгӯяки мошини сабукрави БДА ба саъми аҳолӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон роҳҳои деҳаҳои Вахш ва Сарбанди Ҷамоати деҳоти мазкурро бо истифода аз мошини қисми 12-уми Хадамоти оташнишони шаҳри Левакант корҳои безараргардониро ба роҳ монданд.
Масъулин зимни ба роҳ мондани корҳои оммафаҳмонӣ таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо ин бемории хавфнок паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндаҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg