ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чун анъана дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз ҷониби ҶДММ «Формула Успех» дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба 10 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбону ятимон кумаки яквақтаинаи маводи ғизоӣ расонида шуд. Ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафу мақсадҳои асосии ҲХДТ, ки ниҳояти он таъмини зиндагии шоиста ба ҳар фарди мамлакат мебошад, сурат гирифта, баҳри некӯаҳволии ин қишри ниёзманд равона гардидааст.
Архивӣ Моҳона
- Август 2019 (466)
- Июл 2019 (493)
- Июн 2019 (462)
- Май 2019 (625)
- Апрел 2019 (486)
- Март 2019 (477)
- Феврал 2019 (503)
- Январ 2019 (477)
- Декабр 2018 (532)
- ноябр 2018 (532)