
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба хурӯҷи бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус моро ҳушдор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро қатъиян риоя намоем. Ин суханҳо мавриди корҳои фаҳмонидадиҳии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи Ортоди Ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинони деҳаи мазкур гуфта шуд.Инчунин, қайд карда шуд, ки ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои беморӣ, аз ҷумла ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафаскашии душвор, бемадорӣ набояд ба худмуолиҷа машғул гардем ва ҳатман аз рӯйи маслиҳати табибон амал кардан зарур мебошад.
Ҳамзамон, дар ин росто бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Тоиров Қодиралӣ ба сокинони деҳаи мазкур оид ба муҳофизат азҳар гуна бемориҳои сироятӣ 100 дона ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.