БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

КЎШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба ҷашнгирии 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бо мақсади қадрдонӣ ва дастгирии молиявии иштирокчиёни ин набард, аз ҷониби  роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримиёни Имомназар корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳомид Бобоев ва Шариф Сатторов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнашон ба ҳар кадоми онҳо  6000 сомонӣ ва аз ноҳия 500 сомонӣ ҳамчун кӯмаки молиявӣ супорида шуд. Ҳомид Бобоев ва Шариф Сатторов иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ  аз қадрдониҳои  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор буда, миннатдории худро барои дастгириҳои пайваста баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg