БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пайравӣ аз ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромидин Сироҷиддин маоши як моҳаи худро ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 гузаронид. Ҳамзамон, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 52 нафар табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони хурди тиббии шуъбаи пешгирии бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия ва ба кормандони шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи рақами №2-и Ҷамоати деҳоти Заргар кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.Чунин дастгириву иқдомҳои нек дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар ин самт идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg