
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус СОVID-19 корҳои безараргардонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Кӯшониён бо маром идома дорад. Дирӯз аъзои ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони қисми мустақили 48-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия бо истифодаи нақлиёти ин ниҳод бо маҳлули махсуси безараргардонӣ нуқтаҳои аҳолинишини Ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор ва Меҳнатободро безарар гардониданд. Ҳоло бошад, корҳо дар ин самт идома ёфта, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин тамоми кӯчаю деҳаҳои ноҳия безарар гардонида мешаванд.