БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии  миллӣ (2020-2021). Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, назди бинои Кумитаи иҷроияро сангфарш намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин корҳои санфаршкунӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва кулли кормандони Кумитаи иҷроия фаъолона иштирок доштанд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо корҳои ободонӣ дар қаламрави кишвар ба муносибати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки  ин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро дастгирӣ намуда, баҳри амалишавии ҳадафҳои созандаи он саҳмгузорӣ намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои мардум талош карда, барои амалӣ намудани онҳо тадбирҳои заруриро меандешад,  иброз дошт-  Ҳамидиён Орзу.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg