ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои бештар фаҳмонидани моҳияти паҳншавии бемории нави коронавирус ва таблиғу ташвиқи риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар шоҳроҳи Восеъ-Ховалинг корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳангоми иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ варақаҳои иттилоотиро ба сокинон дастрас намуда, ба ҳар як нафари онҳо оид ба пешгирии ин беморӣ маълумот доданд. Инчунин, ба кормандони ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгард”-и ноҳия, ки ба корҳои тозагӣ дар ҳамшафати роҳ машғул буданд, маводҳои иттилоотӣ дода шуд.