БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ВАҶАБ ХОКИ ТОҶИКИСТОН ҲОСИЛХЕЗ АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Бохтар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои Президентӣ, заминҳои назиҳавлигии сокинони маҳаллаи мазкур ташриф оварда, аз рафти корҳои саҳроӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам аз наздик шинос шуд. Зимни суҳбат бо деҳқонон қайд карда шуд, ки ҳар ваҷаб замини Тоҷикистон ҳосилхез буда, дар ҳолати мақсаднок ва самарнок истифода бурдани он мо метавонем, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳмгузорӣ намоем.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз соҳибони замин заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро мақсаднок истифода набурда, онҳоро холӣ гузоштаанд, ҳоло он ки метавон бо кишт намудани масҳулот ба буҷети хонаводаи худ маблағ ворид карда, шароити иқтисодии худро беҳтару хубтар намуд.

Дар идома Иброҳимзода Неъматулло бо соҳибони заминҳое, ки бекор хобидаанд, аз наздик суҳбат ороста, даъват намуд, ки дар заминҳои дар ихтиёрашонбударо дар ин давраи барои давлату миллат ҳассос мақсаднок истифода бурда, аз як замин гирифтани чанд ҳосилро тавсия дод.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg