Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати дастгирӣ намудани оилаҳои табибоне, ки дар муқовимат бо бемории сироятии коронавирус навъи COVID-19 талоши доимӣ доранд, аз ҷониби фаъолони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маводи хӯрокворӣ кӯмак расонида шуд. Бо дастгирӣ аз ин иқдом ба хонадони яке аз табибони Беморхонаи маркази сироятӣ, ки шабу рӯз алайҳи ин бемории сироятӣ мубориза мебарад, маводи хӯрока кумак карда шуд. Чунин иқдомҳои созанда аз ҷониби дигар вакилони ноҳия низ амалӣ шуда истодаанд.