БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории назди Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо усули “хона ба хона”  доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот,  итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар якчанд маълумот  нисбати аломатҳо ва пешгирии бемории коронавирус навъи COVID-19  дода, иброз дошт, ки нишонаҳои  саршавии ин беморӣ ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафастангӣ, дарди сар, яъне ҳамаи он нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ба монанди зуком мебошанд. Дар фарқият аз нишонаҳои бемории зуком ин беморон агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашаванду ба худмуолиҷа даст зананд, дар онҳо оризаҳои беморӣ хусусан дар узвҳои роҳи нафас, шушҳо пайдо мешавад. Агар шахсе, ки масъунияташ суст бошаду ба ин беморӣ дучор гардад, дар муҳлати кӯтоҳ ба оризаҳои вазнин ва фалаҷшавии организм дучор мегардад. Инчунин, аз ҷониби масъулин ниқобҳо ва маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои мазкур ба сокинон дастрас карда шуд.

                                                                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg