БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ БЕҲТАРИН ТАДБИР АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фрунзе оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ доир карданд.

Зимнан оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон дастрас карда шуда, Алиев Зафар корманди масъули ҳизби ноҳия қайд намуд, ки паҳншавии босуръати ин вабо ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технология пешрафта таъсири худро расонидааст. Зиёни  сахти ҷониву молӣ боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки ҳолатҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва наздиконро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg