БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ 75–СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Санаи 9-уми майи соли 2020 аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75-сол сипарӣ мегардад. Ин сана барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмон ва тақдирсоз аст. Ин сана ҳамасола дар Тоҷикистони азизи мо бо тантана ва самимияти хосса таҷлил мегардад. Бо гузашти солҳо ин рӯйдоди таърихӣ аҳамияти хешро гум накард, балки ҷойгоҳи устувореро ба худ гирифт ва абадан дар таърихи башарият сабт хоҳад монд. Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хизматҳои шоистаи ин родмардони майдони ҷанг ва корзори меҳнати он даврро қадр мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ нисбати ин ашхос хусусан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зиёд аст.

Воқеан ҳам хизматҳои эшон барои насли имрӯз мактаби бузурги мардонагӣ ва меҳанпарастист. Месазад, ки ин шахсиятҳоро дар зиндагӣ идеали худ дониста, аз таҷрибаи кору пайкори онҳо ба худ сабақ гирем. Муҳимтарин омили ғалаба дар ин ҷанги даҳшатнок муттаҳидии мардуми Иттиҳоди Шуравӣ, нангу номуси ватандорӣ, аз як гиребон сар баровардан буд. Барои эшон хоки Ватан аз ҳама ганҷи дунё боло меистод. Мо ҳама бояд ифтихор кунем, ки фарзандону наберагони ин родмардони шуҷову далер, диловарони ин майдони муҳорибаем. Мебояд ҳамеша муҳофизи марзу бум ва фарзандони содиқи ин Ватани биҳиштосо бошем. Зиракии сиёсиро дар ин шароити тезутунд ва ҳассоси таърихӣ ҳаргиз аз даст надиҳем. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами он ҳамеша дар сиёсати хеш дастгирии чунин табақаи ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, дар фаъолияти худ аз сабақи гаронарзиши эшон истифода хоҳад кард. Ҳамаи сокинони вилояти Хатлон бахусус иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашударо ба ин санаи бузург самимона табирик гуфта, саломатӣ ва умри дароз таманно дорам.

Бошад, ки бемории сироятии коронавирус ҳар чи зудтар бартараф гардида,  рӯзгори мардум ба маҷрои хушу хуррамона сурат бигирад.  Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам таъкид созам, ки мову Шуморо лозим аст, дар ин шабу рӯз хеле эҳтиёткор ва дар муқовимат чун ишора боло муттаҳид бошем. Пеш аз ҳама гигиенаи шахсиро дуруст риоя намоем. Зеро ин василаест, ки умри ин бемории сироятиро кӯтоҳ месозад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg