ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фароғатгоҳи Дӯстӣ” ба роҳ монда шуд.
Зимнан дар раванди чорабинӣ маъмурият гирду атрофи муассисаро бо маҳлулӣ гипохлорид дезинфексия намуда, дар даромадгоҳи муассиса пеш аз ворид шудан, кормандонро бо таҷҳизоти тиббии махсус аз назар гузаронида бо маҳлули антисептикӣ безарар гардониданд. Гузашта аз ин дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба кормандон ниқобҳо ва маводҳои антисептикиро дастрас намуданд.Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самараноку мақсаднок истифодабарии замин маъмурияти ташкилоти ибтидоии “Фароғатгоҳи Дӯстӣ” заминро самараноку мақсаднок истифода бурда, дар заминҳои вобасташудааш зироатҳои кишоварзиро, аз қабилӣ полезӣ, картошка, помидор, карам, сирпиёз ва ғайраро кишт намудааст.