БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ВА БЕХАТАРИИ АҲОЛӢ ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  усули “хона ба хона”  бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин дар деҳаи Ориёнои Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Сайдалиев Гадоӣ ва Проштов Сино  зимни суҳбат оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ   андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки пойбанди тарзи ҳаёти солим будан, тозагию нафосат, поку озода намудани маҳалли зист, ободонию хуррамгардонӣ яке аз суннатҳои хоси мардуми мост, ки чунин муносибат ба саломатӣ ва ба муҳити зист метавонад омили муҳими пешгирӣ ва пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ гардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg