БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИТОДИ НАВБАТӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди навбатии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ баргузор гардид.

Дар кори ситод раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон баромад намуда, иброз дошт, ки моро зарур аст, ки аҳамияти ҳодисаи ба вуқуъомадаро дар ҷумҳурӣ ба аҳолӣ фаҳмонида,  оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии COVID-19 ба сокинон маслиҳатҳои муфид диҳем. Инчунин, ба гурӯҳи корӣ дастур дода шуд, ки ба оилаҳои ниёзманд вобаста ба имконият ниқобҳои муҳофизавӣ ва маводҳои ғизоӣ ҳачун кумаки яквақтаина расонида шавад.

Ҳамзамон, мавсуф оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ ба аъзои гурӯҳ дастур доданд, ки махсусан заминҳои президентиро рафта, аз наздик дидан намуда, оид ба истифодабарии самараноки онҳо ба соҳибони замин маслиҳат диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg