ФАРХОР. Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ санаи 05.05.2020 гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона» дар деҳоти ноҳия гардиш доир намуданд.
Дар ин рӯз аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ маводҳои таблиғотӣ оиди пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инҷунин, ниқобҳои муҳофизатӣ низ тақсим карда шуданд.
Ҳамзамон ба ду оилаи табибони оилавии деҳоти кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.