ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо усули “хона ба хона” дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Қодир Зоидов”-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ миёни сокинон вохӯрӣ баргузор карданд. Дар чорабинии ҳизбӣ масъулин оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин барои пешгирӣ кардани бемории коронавирус сокинонро таъкид карданд, ки аз вазъияти дар ҷаҳон ба вуҷуд омада ба таҳлука наафтода, барои пешгирии бемории сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, ниқобҳои тиббиро истифода баранд ва аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ намоянд.