БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ИДОМА ДОРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар  кӯчаи ба номи Раҳим Шодии минтақаи манзилии №2  дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо усули «хона ба хона» ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории СОVID-19 ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо сокинон чорабинии ҳизбӣ доир намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.

Ҳамзамон, ба яко яки онҳо оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg