НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳро идома дода, дар ҳудуди минтақаи манзилии №2-и шаҳр ба сокинон варақаҳои итилоотӣ дастрас намуданд.
Ҳамзамон, оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самаранок истифода намудани ҳар порча замин ба сокинон таъкидҳо намуда, даъват ба амал оварданд, ки заминро самаранок истифода намуда, дар як сол барои рӯёнидани се ҳосил талош варзанд.