БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо 25 нафар истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, бо иштироки волонтёрони назди ТҶҶ “Cозандагони Ватан» ба миқдори  65 дона ниқобу маводҳои антисептикӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд. Инчунин, дар чорабинии ҳизбӣ  роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Ҳайдарзода Рамазон ва мутахассиси бахши ҷавонони ноҳия Табарова Саодат иштирок ва суханронӣ карданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg