БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи Навобод корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки риоя намудани гигиенаи шахсӣ, истифода кардан аз ниқобҳо, безарурат аз хона набаромадан аз ҷумлаи шартҳое мебошанд, ки сироятшавиро аз ин беморӣ нигоҳ медорад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз интиқол ва сироятшавии ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Ҳамчунин, дар маҳаллаи Навобод гурӯҳи таблиғотӣ аз рафти корҳои саҳроӣ шинос шуда, бо деҳқонон суҳбат оростанд.