Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ибрози андеша намуда, аз ҳамагон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар порча замин ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ даъват ба амал оварданд.