Ҳамсафони азиз!
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Тавре ҳамагон огоҳем, имрӯз тамоми сайёраро хатари паҳншавии бемории Коронавирус таҳдид намуда, сабабгори марги инсонҳо гаштааст. Ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунё дар пешгирӣ ва табобати беморон новобаста аз тадбирҳои андешидашуда оҷиз мондаанд ва роҳи ҳалли масъаларо дар ихтирои маҳлули зиддивирусии табобатӣ мебинанд. Тибқи таҳлилҳо имрӯз барои пешгирӣ аз хатари паҳншавии пандемияи Коронавирус ягона роҳи самараноку дуруст ин риояи гигиенаи шахсӣ ва дастури катъии мутахассисону табибон аст, ки садди роњи пањншавии ин бемории хавфнок шуда метавонанд.
Ногуфта намонад, ки вазъи баамаломада дар кишвар ҳамарӯза зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ, ки мутаассифона сокинони кишвари мо низ бархе ба ин маризї гирифтор шудаанд, тамоми сохторҳои дахлдори тиббию беҳдоштӣ дар ҳоли омодагии доимиӣ карор доранд.
Айни ҳол дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ситоди доимоамалкунанда аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун ва мутахассисони соҳаи тиб раванди пешгирии ин вабои асрро назорат намуда, барои сиҳатии омма ва таъмини зиндагии босуботи аҳолӣ пайваста ҷахду талош менамоянд. Дар робита ба ин, фаъолияти марказҳои хизматрасонию савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳамеша барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ омода буда, тибки тавсияи Ситоди доимоамалкунанда ва мутахассисони соҳаи тиб дар мавриди эҳтимолияти заҳролудшавӣ ба бемории илтиҳоби шуш бо назардошти таъби баланд дардмандон метавонанд ба зерсохторҳои тиббӣ ва табибони тибби оилавӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамаи мо муваззафем, ки ба хотири саломатии худу атрофиён аз рӯи тавсияи мутахассисон, аз қабили риояи гигиенаи шахсӣ, тайи ҳар соат аз истифодаи маҳлулҳои зиддивирусӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, инчунин аз ҷамъшавии безарурат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоем.
Бо боварии комил метавон изњор дошт, ки мо дар якҷоягӣ ва саъю кӯшиши ҳамдигарӣ ва дастгирии бевоситаи сокинони сарбаланди ноҳия ин мушкилотро паси сар мекунем ва якҷоя дар оянда барои рушду пешрафти ноҳияамон, ки имрӯз қабои баҳорӣ дар сар дорад, аҳлона заҳмат менамоем.
Дар баробари ин, роҳбарияти ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор барои пешгирии ин беморӣ тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ намуда, вазъияти ҳаррӯзаи сиҳатии аҳолӣ зери назорати доимӣ қарор дорад. Муҳим барои мо саломатии ҳар як фарди бонангу ори ин сарзамин аст ва мо ҳамагон барои сиҳатии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии ин пандемия тамоми ҷаҳду талошро хоҳем кард.
Ҳамзамон барои ҳамаи табибону кормандон, ҳамшираҳои шафқат ва ҳайати хизматрасонии соҳаи тиб, ки имрӯз дар бари мардум бо дараҷаи баланди масъулиятшиносӣ дар хизмати шабонарӯзӣ қарор доранд, арзи сипос менамоем. Дар зимн аз ҳамаи мутахассисони соҳаи тиб эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба муроҷиати шаҳрвандон бо масъулияти баланд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва муомилаю муоширати инсониро ҳамчун ҷузъи табобат ба дардмандон маҳаки асосии фаъолият қарор диҳанд. Бояд дониста бошем, ки ворисони аслии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоем ва рисолати азалии табиб буданро, ки содиқона хизмат намудан ба дардмандон аст, фаромўш насозем.
Воқеан, баъди домон паҳн кардани вируси корона ба кишвари мо доираҳои манфиатҷӯю хиёнаткор бо ҳар роҳу восита мехоҳанд тадбирҳои роҳандозишавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зиддаҳли онро дар фазои маҷозии иттилоотӣ камрангу камтаъсир ба намоиш гузоранд. Вале мо бояд ба ҳангомаю овозаҳои бардурӯғи онҳо дода нашавем. Гарчанде ки мушкилот ҳаст, вале ин мушкилотро бо ғаразу бадгӯӣ наметавон ислоҳ кард. Роҳи ҳалли масъала ин риояи беҳдошти шахсӣ, сари вақт муроҷиат намудан ба табибон, фосилагирӣ ҳангоми суҳбат, истифодаи маҳлулҳои зиддивирусӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, безарурат ҷамъ нашудан дар ҷойҳои серодам ва хизматрасонии саривақтии кормандони соҳаи тиб ҳаст, ки мо бояд ин амалҳоро дар худу миёни аҳли ҷомеа тарбияву таблиғ намоем.
Аз ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳия даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна овозаю хабарҳои ғаразноки доираҳои манфиатҷӯи дохилию хориҷӣ дода нашаванд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ ин вабои асрро паси сар менамоем ва барои рушди ноҳияву пешрафти Тоҷикистони азиз тамоми ғайрату кӯшиши худро равона месозем.
Ба ин боварем, ки мардуми шарифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои барои миллату давлат сангин дар атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду мемонанд ва барои пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони фарзандонамон пайваста ҷаҳду талош хоҳанд кард.