БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕД!

АНДЕША. Имрӯз қазияи бемории коронавируси COVID-19 тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ин беморӣ дар як қатор давлатҳо паҳн гашта, боиси эпидемияи дараҷаи баланд гардидааст, ки ин ҳолатро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) тасдиқ кардааст.

Эпидемия- ин паҳн гаштани як намуди беморӣ дар сатҳи якчанд давлат мебошад. Барои мисол эпидемияи зукоми испанӣ шуда метавонад, ки соли 1918 хурӯҷ карда буд ва боиси фавти 100 миллион нафар гардид, ки 5%-и аҳолии кураи Заминро ташкил медод. Мисоли дигар СПИД ё ВНМО, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар Африқо (биёбони Сахара) сар зада, то ҳол 38,6 миллион нафар сироят ёфтааст.

Вирус аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш заҳр мебошад. Нишонаи  COVID-19- маънои коронавируси навъи Уханро дорад.

Вируси мазкур аввалин маротиба дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии мардумии Чин боиси беморшавӣ ва марги марди 61-сола гардид.  Ин мард аз бозори Ухан, ки дар он ҷо маҳсулоти баҳрӣ ва ҳайвонҳои экзотикӣ, аз қабили мору кӯршапарак барои истеъмоли халқи таҳҷоӣ фурӯхта мешуд, ин намуди хўрокаро харидорӣ намуда, дар натиҷа ба ин беморӣ гирифтор мешавад ва яке аз шахсони сабабгори паҳн гаштани ин беморӣ мегардад. 20-уми январи соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин  эълон намуд, ки бемории коронавируси COVID-19  беҳад зиёд гашта, дараҷаи эпидемияро гирифтааст. 26-уми январ бошад, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустї (ТУТ) ин ҳолатро тасдиқ намуд.

Барои пешгирӣ аз бемории коронавируси COVID-19 чӣ бояд кард?:

  1. Бо беморони зуком ва шахсоне, ки аломатҳои бемории шадиди роҳи нафасро доранд, дар алоқа набошед;
  2. Дастонатонро бо собун ё маҳлулҳои безараргардонидашуда тез-тез шӯед;
  3. Бо ҳайвонҳои хонагӣ ва дигар ҳайвонҳо дар алоқа набошед, дар ҳолати будан дастонатонро бо маводҳои лозима шӯед;
  4. Дар ҳолати дар худ эҳсос намудани бемории шадиди роҳи нафас фавран ба духтур муроҷиат намоед;
  5.  Дар вақти атса задан ва сулфидан даҳону биниатонро пӯшед;
  6. Ба шахси бемор ниқоб кашида гаштан зарур ва ҳатмист, зеро дар вақти атса задан бемор метавонад барангезандаи бемориро ба 5-6 метр паҳн намояд.

Акнун ҳар яки моро мебояд ба воҳимаву таҳлуқа наафтода, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем. Гигиенаи шахсиро риоя кунем, масуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ гардонем.

Дар охир тавсия медиҳем, ки пиёз, сирпиёз, лимӯ ва зарчӯбаву (қурқума) имбирро бисёртар истеъмол намоем. Инҳо маводҳое мебошанд, ки дар қавӣ гардонидани  масунияти организм ёрӣ мерасонанд ва моро аз бемориҳои сирояткунандаи гуногун эмин медоранд.

Абдулҳақзода Бахтиёр, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg