БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ВАСВАСАИ НАҲЗАТИЁН НАБОЯД БОВАР КАРД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо, ки вазъияти ҷаҳони муосир  бо сабаби хеле зиёд паҳн гардидани бемории коронавируси нав муташанниҷ гардида,  ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти  саросари олам  садди роҳ шуда истодааст, ашхосе ҳастанд, ки ба ҷои  дар ҳамин лаҳзаҳои мудҳиш кори хайреро ба анҷом расонанд,  дурӯғу туҳмат, найрангу ҳиллаҳои  ғаразнок ва буҳтонҳои беасосро  тавассути расонаҳои интернетию  иттилоотӣ  паҳн менамоянд ва мардумро  ба таҳлука меандозанд. Ба ин қабил одамон  махсусан, фирориёни ҲНИ, ки дар  мамолики хориҷӣ  барои хоҷагони худ хизмат мекунанд, дохил мешаванд.  Онҳо аз вазъияти имрӯз баамаломада истифода бурда,  андешаҳои нодурусту буҳтонҳои зиёдеро дар ҳаққи давлату Њукумати Тоҷикистон  мезананд.

Ин гурӯҳи беватану бемиллату аҷнабипараст  изҳор мекунанд, ки гӯё дар Тоҷикистон  ҷиҳати пешгирии бемории даҳшатноки коронавирус (СОVID-19)  роҳбарият бетараф буда, ғами мардумро намехӯрад ва ягон чораи мушаххасе намеандешад. Ин тамоман нодуруст аст.  Дар Тоҷикистон аз рӯзе, ки ин беморӣ дар  шаҳри Ухану музофоти Хубейи Чин  аён гардид, табибону мутахассисон, роҳбарону шаҳрдорон  ва кулли онҳое, ки ба ин  масъала марбутанд, баҳри андешидани чораҳо ҷиддан кӯшиш ба харҷ доданд. Тавре дар мусоҳибаи  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо рӯзноманигори «Ҷумҳурият» Хуршеди Ҷовид  иттилоъ ёфтааст,  барои пешгирӣ намудани  беморӣ ва бистарӣ кардани гумонбарон  тамоми имкониятҳо истифода бурда шуданд. Дар аввал агар дар ҷумҳурӣ шумораи умумии катҳои табобатӣ 51 ҳазор ададро ташкил диҳанд, шумораи катҳои сироятӣ 3696 адад буданд.  Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе теъдоди чунин катҳо 642 ададро ташкил медод.  Бо назардошти эҳтимолияти  сар задани хурӯҷи  сирояти коронавирус  ҳамон вақтҳо 1150  адад кат дар ҳоли омодабош қарор дошт.  Кайҳо боз муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии  «Истиқлол», беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии  Тоҷикистон «Шифобахш», беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои чашм ва боз чандин ҷойҳои дигар дар шаҳри Душанбе, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барои гумонбарон теъдоди зарурии катҳо ва биноҳо ҷудо карда шудааст. 

Мавриди зикр аст, ки то 9 апрели соли равон  аз карантин 5243 нафар, ки аз хориҷ ворид шуда буданд, ҷавоб шуда, 2014 нафар  низ дар ҳолати ҷавоб додан буданд. Аз  шумораи умумии аз хориҷ ба ҷумҳурӣ воридшудагон 317 нафарашонро  шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон, Россия, Чин ва Ӯзбекистон омада ташкил доданд.  Шумораи афроди аз хориҷ ба Тоҷикистон омада, албатта, дар ҳоли афзоиш аст.  Ба ин хотир, ба ҷуз аз муассисаҳои тандурустӣ истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, инчунин муассисаҳои вазорату кумитаҳо ва корхонаҳо низ мавриди истифода қарор гирифтанд.   Осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Харангон», «Оламбӣ», осоишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилию Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар ҷойҳо воридшудагонро барои аз карантин гузаштан қабул карданд. Дар маҷмуъ то 9 апрел  7257 нафар ба карантин фаро гирифта шуда буд.

Имрӯзҳо  ҷиҳати зиёд намудани катҳои табобатӣ  чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Иловатан 3150 адад кати табобатии нав боз омода хоҳад шуд. Вале ин ҳам ҳадди ниҳоӣ нест.

Дар баробари ин,  вобаста ба имкониятҳо барои таъмин бо таҷҳизот ва дигар васоити ташхису табобат низ корҳои зиёде ба сомон расида истоданд: зиёд кардани тест-системаҳо, теплосканерҳо, ҳароратсанҷҳо, тепловизорҳо, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, дастгоҳҳои нафасгирии сунъӣ, ҳуҷраҳои интенсивии махсусгардонидашуда барои пиронсолон ва маъюбон, оксигенераторҳо, электрокардиографҳо, ларингоскопҳо, дастгоҳҳои сайёри рентгенӣ, катҳои чархдор, аробачаҳо барои интиқоли беморон, кислород, озмоишгоҳҳои ташхисӣ, таъмини маводҳои хлор, маҳлулҳои хлордор, автоклавҳо, маводи дорувории зиддивирусӣ дар мадди назари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад.

Ҷиҳати таъмини кадрҳо, тавре дар мусоҳибаи вазири тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд  гардид, 418 нафар сироятшиносон, 427 нафар  эпидемиологҳо,  688 нафар табибони наҷот ва беҳискунӣ дар хизмат омодаанд. Дар зарурат боз имконият ҳаст аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ мутахассисон ҷалб карда шаванд.

Чуноне ки аз ин омодагиҳо бармеояд,  дурӯғу буҳтонҳои наҳзатиён тамоман беасос аст. Охир наҳзатиён онҳоеанд, ки  барои онҳо на Ватан, на миллат, на халқ, на давлат арзише надорад, балки  барои онҳо танҳо ва танҳо  пул, боигарӣ арзишнок аст. Аз ин рӯ,  коре карда супоришу фармудаҳои хоҷагонашонро  иҷро кунанд ва  боигарии худро зиёд намоянд.

Дар як суҳбат бо намояндаи пешвақтаи онҳо махсуми Муқтадо мо хуб фаҳмидем, ки барои иҷрои мақсадҳои ғаразнокашон роҳбарони наҳзатӣ ҳатто мазҳабашонро фурӯхта,  ба мазҳаби шиа гузашта буданд.  Онҳое, ки  ба чунин падидаҳои номатлубу бевиҷдонона  ва беимонона даст мезананд, магар сазовори боварианд?  Ҳаргиз не!  Ва имрӯз  боз  бо дурӯғу фитнаҳои худ  мехоҳанд  сари мардуми моро  вайрон карда,  дар онҳо  ҳисси бадбинӣ ва нафратро нисбат ба давлату Њукумат  бедор созанд.  Вале мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ  ба васвасаю найрангҳои наҳзатиён  дигар бовар намекунанд.

Роҳбари фирории ҲНИ М. Кабирӣ, ки парвои дину имону инсоф надорад ва танҳо дастуру супоришҳои хоҷагонашро ба хотири маблағҳои калону ҳароми онҳо иҷро мекунад, магар ӯ парвои миллату Ватану дину мазҳаб дорад? Не, албатта!

Дар гуфтаҳояш, ки мо ҳар рӯз тавассути сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои махсусшуда мебинему тамошо мекунем, чунон суханвару сухандону ба қавли худаш ватандӯстона суханронӣ мекунад, ки гӯё ягон ғаразе нисбати давлату Њукумат надошта бошад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ӯ давлату миллат, мазҳаб ва дину имонашро кайҳо боз бо дипломати пул фурӯхтааст ва имрӯз дигар ба ғайр аз вағ-вағу ҷағ-ҷағ чорае надорад ва шармандавор бо ҳамроҳии гумроҳкунандагонаш аз Ватан фирор кардаанд.

    Ҳар ки бо душмании халқ равон аст  чу баҳр,

    Зуд  бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.  

Имрӯз моро зарур аст, ки  ба ҷои ба ин васвасаю найрангу буҳтонҳо диққат додан  ба риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, махсусан гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ  машғул шуда,  аз бемории шадиди коронавируси нав худро эмин дорем, тавсияю маслиҳатҳои  мутахассисонро иҷро кунем, то ин вабои асрро бенуқсон паси сар намоем.

Мардуми тоҷик дилсофу нисбати оянда хушбин мебошад. Бо ҷаҳду талошҳо ва амалӣ сохтани  тавсияву имкониятҳое, ки мавҷуданд, Худо хоњад аз ин мушкилӣ мегузарем ва  барои ин танҳо ва танҳо зањмат кашидан лозим аст, то ки аз ин вазъияти буҳронии ҷаҳонӣ баромада тавонем.

Ғафуров Сайдамир,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg