БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕКСИРИШТӢ. ПАЙРАВӢ АЗ АМАЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби Фонди ҷумҳуриявии хайрияи муқовимат бо коронавирус гузаронид. Ин иқдом ҳамчун пайравӣ аз амали некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Президенти кишвар маоши якмоҳаи худро барои муқовимат бо коронавирус ба суратҳисоби фонди болозикр гузаронида буданд.

“Ин ёрии хоксорона буд. Ҳар нафаре, ки ба ин миллату ба ин Ватан содиқ, некхоҳ ва нексиришт аст, ҳамчун амали хайр дар ин моҳи муборак ва дар пайравӣ ба Пешвои миллат бояд ба қадри тавоноии худ хоҳ дар шакли молӣ, хоҳ дар шакли моддӣ барои муқовимат ба ин зуҳуроти даҳшатбор саҳмгузор бошад. Ҳар амали неки инсон, аз ҷумла нисбат ба ниёзмандон бе подош намонда, ба маротиб беш ба ӯ бармегардад. Дар рӯзҳои оянда ҳам дар ҳамдастӣ бо дигар аъзои ҳизб ният дорем, ки бо матраҳи аксияҳои саривақтӣ ҳамдиёронро ба риояи бечунучарои тавсияҳои мутахассисон, бахусус, табибон даъват кунем ва дар ин росто ҳар қадаре имконият дорем, ба ниёзмандон кумак мерасонем”, - гуфт Қ. Миралиён.

Зимнан, дигар фаъолони ҳизбро мебояд дар ин гуна амалу иқдомҳои хайр ҳамроҳ бошанд, ҳамқадамии худро хоҳ дар дохил, хоҳ дар хориҷи кишвар ҳамчун намуна бо ташаббусҳои некбинона дар роҳи муқовимат бо коронавирус изҳор доранд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg