БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ РОҲИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ ВА ТАМОМИ СОКИНОНИ КИШВАР АСТ

АНДЕША. Дар шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таъсири амиқи худро ба рушди босуботи хоҷагии халқи мамлакатҳои сайёра расонида истодааст, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ яке аз роҳҳои афзалиятноки таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва сокинони кишвари мо маҳсуб меёбад. Агар дар минтақаҳои ҳамвори мамлакат ҳосили меваҷоту сабзавот ва дигар маҳсулоти аввалияи истеъмолӣ ба самар расида бошад, дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурии мо мардум пайи кишту кори баҳорӣ ва ба дигар корҳои деҳқонӣ машғуланд.

Ҳаводиси якчанд моҳи охири сайёра моро водор месозад, ки дар масъалаи истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз ин заминҳо дучанду сечанд кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро дар ҳолати ба таври воқеӣ кам гардидани гардиши молу маҳсулот ба дохили кишвар бо назардошти пандемияи паҳнгардидаи коронавирус  эҳтимоли таъсири манфии воридоти маҳсулот аз дигар давлатҳо ба дохили кишвари мо мегардад. Ва ин рӯйдод бемуҳобот дар серию пурии дастархони мо таъсиргузор хоҳад буд.

Мусаллам аст, ки мамнуъ гардидани гардиши молу коло њамчун як амри зарурӣ барои пешгирӣ аз пањншавии бемории коронавирус муваққатист, вале ин ҳолатро ҳар як сокини кишвари мо, ки соҳиби замин аст, ҷиддӣ қабул намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти дилхоҳ бояд ҷаҳду талош намояд. Ба ибораи дигар замони бедории номуси марди деҳқон расидааст ва бояд мардонавор барои истеҳсоли маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум аз сари масъулият кору фаъолият кард.

Метавон хулоса кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама- мардуми меҳнатианд ва ба қадри таъмини бозори истеъмолӣ ва хонаводаи худ бо маҳсулоти лозимӣ мерасанд. Аниқтараш таъмини хонавода бо маводи хӯрокворӣ як ҷузъи фарҳанги миллии мост, ки дар шароити ҳассос мо бояд барои пойдевории таъмини аҳли байт ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа ва фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.  Гузаштагони мо дар даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷиҳати таъмини Ғалаба бар фашизми олмонӣ худ нахӯрданду напӯшиданд, вале аз ҳама зиёд молу маҳсулотро барои таъмини ғалаба ба хатти ҷабҳа фиристоданд. Мо мефахрем, ки ворисони чунин сокинони сарбаландем ва дар шароити осоишта ҳатман барои серию пурии дастархони худ сарҷамъона меҳнат хоҳем кард.

Дар ин росто, моро лозим аст, ки аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошем. Зеро бо умеди кӯмакҳои башардӯстона шудану фориғбол будан ин ба зарари ҳам давлату ҳам ҷомеа хоҳад буд.

Панди бузургон дар мавриди  «Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор»  барои ҳар як заминдору деҳқон бояд  шиори ҳаррӯза ва иҷрошаванда бошад. Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, кишти зироатҳои лӯбиёгӣ дар заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва идомаи корҳои агротехникӣ дар заминҳои боғот масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳар як заминдор ба ин самт масъулияту назари воқеъбинона дошта бошад. Ва бешак иҷрои саривақтии дастуру пешниҳодоти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ба беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинон нигаронида шудааст, ки мо-ҳамагон дар иҷрои саривақтии он бояд масъул бошем.

Икромов Баҳодур, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои гурӯҳи вакилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

                                                                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg