Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва бо як ҳисси баланди худогоҳиву хештаншиносӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои хайрхоҳонаро вусъат бахшида, дар ин давраи ҳассос яъне, мубориза бар зидди бемории коронавирус корҳои оммафаҳмониву тақсимоти варақаҳои тавсиявиро чиҳати пешгирӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ аз ин вабои аср анҷом дода, саҳми хешро дар рушду нумўи меҳани азизамон гузошта истодаанд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин якчанд ҳавливу хонаҳои ятимон, бепарасторон ва маъюбон бо маҳлулҳои кимиёвӣ безарар ва тамйиз карда шуданд.
Масъулин тасмим гирифтаанд, ки чунин корҳоро дар оянда низ идома диҳанд.