БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ҲИЗБӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” ба роҳ монда шуд.

Масъулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва бо сифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg