БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Бо  тасдиқ  гардидани  мавҷудияти  бемории сироятии коронавирус  дар  Тоҷикистон бо  мақсади  пешгирӣ  ва  паҳншавии  ин  беморӣ корҳои  безараргардонӣ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҳамарӯза роҳандозӣ  гардида  истодаанд. Бо  мақсади пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва хатару оқибатҳои бемории коронавирус  бо  дастгирии  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷойҳои   серодам, аз  ҷумла  мағозаву  нуқтаҳои савдо   ва роҳҳою  кӯчаҳои  маркази  ноҳия   бо  маҳлулҳои  кимиёвии  безараркунанда  коркард  карда  шуданд.

Инчунин, бо  сокинон оид ба  пешгирии  ин бемории сироятии хавфнок  суҳбату  вохӯриҳо баргузор   намуда, фаҳмонида  истодаанд, ки яке аз  омили  асосии  пешгирӣ  ин  безараргардонии  макони  зист  ва  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам  шустани  дастон  бо  собун ва  ё  маҳлулҳои  спиртдор, истифодаи  ниқоб  ба  шумор  меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg