БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАРИН ТАДБИР АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Вобаста  ба таъмини иҷрои  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ гурӯҳи  кории назди Кумитаи   иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   миёни сокинон бо  усули  «хона  ба  хона» риояи  гигиенаи шахсӣ  ва  оромона  ҳаёт  ба  сар бурданро  талқин  намуда,  ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзиро вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир   ба  роҳ  монда  истодааст.

Аъзои  гӯрӯҳи  корӣ дар  деҳаи  Мирзоободи   Ҷамоати  деҳоти Наврӯз  чорабинии ҳизбиро баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро    бо  усули  «хона  ба  хона»  фаҳмониданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд,  худ  ва  оилаашонро   аз  ин  беморӣ ҳифз  намоянд  ва барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявиро дастрас карданд.   Инчунин, ёдоварӣ  карданд,  ки  ба  таҳлука  наафтода, бештар    гигиенаи  шахсиро  риоя намуда,  аз    ҷойҳои  серодам  худдорӣ  кунанд.

Ҳамзамон,  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати  истифодаи  самараноки  ҳар  қитъаи замини   наздиҳавлигӣ, заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  Президентӣ, ташкили  кишти зироатҳои  хӯрока,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираи  онро  барои  ду  сол таъкид карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg