ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон 52 адад ниқобҳои тиббӣ ва 15 адад маҳлулҳои антисептикӣ ба аҳолии деҳаи Ғаллаободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод кумак карда шуд. Инчунин, дар баробари расонидани кумак аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб барои пешгирӣ аз ин вабои аср ва истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинон тавсияву пешниҳодҳо дода шуда, таъкид карда шуд, ки мо намбояд аз ин бемории сироятӣ дар ҳаррос бошем, балки бар зидди он бо риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва тозагии муҳити зистамон мубориза барем.