ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бинобар тасдиқ гардидани мавҷудияти бемории сироятӣ коронавирус COVID -19 дар Тоҷикистон корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ бо усули “ хона ба хона” пеш бурда истодааст. Гурӯҳи корӣ ин навбат бо сокинони деҳаҳои Ғиҷовак ва Алиҷони Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мулоқот доира намуда, оид ба ин вабои аср ва оқилонаву самаранок, истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба манфиати ҳар яки мо мебошад. Агар мо ба тавсияҳои духтурон ҷиддан муносибат намоем, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ҳифз мекунем.