БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МО МУТТАҲИДЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии бемории нави коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаҳои ба номи И.Сомонӣ, С.Вализода, Сино, Душанбе, С.Кабир, У.Хайём  корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба иҷро расонида, ба шаҳрвандон дар баробари дастрасии варақаҳои иттилоотӣ Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро доданд.

Тариқи нақлиёти махсуси таблиғотӣ ба  воситаи баландгӯяк дар кӯчаҳои болозикршудаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ба шаҳрвандон таъкид намуданд, ки бе зарурат ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд ва дар роҳу кӯчаҳо ниқобҳои муҳофизатиро истифода бурда, наздикони худро аз ин бемории хавфнок эмин нигоҳ доранд.

Инчунин, ҳангоми суҳбат бо усули “хона ба хона” дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигиро таъкид карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg