БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВИРУСИ ТОҶДОР ҲАР ЯК НАФАР УҲДАДОР АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои бештар ба дарки  шаҳрвандон расонидан ва ҷалби онҳо ба риоияи қоидаҳои гигиенӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монданд.

Тариқи нақлиёти махсуси таблиғотӣ ба кӯчаҳои деҳаҳои Тугарак, Сулҳобод, ба номи Ҳ. Қурбонови Ҷамоати деҳоти Тугарак корҳои таблиғотӣ  ба роҳ монда шуда, дар баробари ин аз рӯи усули “хона ба хона” ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ- ро дастрас  намуданд.

Барои ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳар як нафар таъкид карда шуд, ки бе зарурият аз хона берун набаромада, наздикони худро аз бемории нав эмин нигоҳ доранд. Инчунин, бо истифода аз боду ҳавои мусоид заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии худро самаранок истифода намуда, маҳсулоти ниёзи оилаи худро кишт намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg