ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба таври васеъ маълумот пайдо кардани сокинон аз бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо ҷалби фаъолон, гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, инчунин кормандони Кумитаи иҷроия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Ин навбат ба воситаи нақлиёти махсус тариқи баландгӯяк корҳои оммафаҳмонӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба роҳ монда шуда, масъулин таъкид намуданд, ки ҷиҳати пешгирии бемории нави коронавирус қоидаҳои гигиениро риоя карда, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бе зарурият нараванд. Инчунин, барои муҳофизати худ ва наздикон аз ниқоб мунтазам истифода баранд.
Дар рафти корҳои таблиғотӣ варақаҳои иттилоотӣ бо усули “хона ба хона” ба сокинон дастрас карда шуд.