БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ОГОҲ КАРДА МЕШАВАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ бо шаҳрвандони деҳаву маҳаллаҳо аз рӯи усули “хона ба хона” ва тариқи нақлиёти махсуси таблиғотӣ корҳои оммафаҳмониро ба иҷро расонида истодаанд, то ин ки сокинон аз ин бемории  хавфнок бештар  огоҳӣ пайдо намоянд.

Чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаҳои Кадучӣ, Заркорон, Дашти дилӣ, Чорбоғ, ба номи Ҳ.Баротови Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ доир гардида, сокинон барои пешгирии бемории нави коронавирус огоҳ карда шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода баранд.

Инчунин, барои муҳофизати худ ва наздикон аз ниқоб мунтазам истифода баранд. Дар ҳолати ҳис кардани нишонаҳои беморӣ ба духтури маҳаллӣ муроҷиат намоянд. Дар рафти корҳои оммафҳмонӣ варақаҳои таблиғотӣ ба ҳамагон дастрас  карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg