БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ХЕШ МЕТАРСАМ...

АНДЕША. Ин чӣ рӯзест, ки ёр аз дилдор, дӯст аз рафиқ, падар аз писар, духтар аз модар, ҳамсоя аз ҳамсоя ва аз ҳама муҳим савдогари бозор аз харидор метарсаду дурӣ меҷӯяд. Тарс ба ҳар гӯшаи ошёнае лона гузоштааст. Имрӯз тарсу бим бори аввал дари ҳар яки моро мекӯбад.

Ба мағоза рафтаму дар ҳоли харид будам. Ногоҳ чашмам ба писаре афтод, ки машғули кор дар дӯконе буд, аниқтараш ду нафар буданд. Дар рӯ ниқоб доштанд, писарон 19-20 сола буданд. Яке нисбати дигаре қоматбаланд буд.

Писараки қоматбаланд уф-уф мегуфту нафастангӣ дошт. Ба сӯяш нигариста, бо табассум пурсидам ба ту чӣ шуд? «Апаҷон дар таи ҳамин ниқоб нафасам гирифт» гуфт писарак. Зери лаб табассум карда гуфтам, кам-кам ниқобатонро кушоед, ҳавои тоза нафас кашед. Хубаш аз якдигар ду метр фосила гиреду кор кардан гиред.

Аниқ фаҳмидам, ки ин аз он ва он аз ин метарсад. Писараки дигар лаб кушода гуфт, «Модари ман дар беморхона кор мекунад, барои ҳамин ҳама аз ман метарсад, аниқтараш дурӣ мекунанд.» Натарсед гуфтам ба онҳо, танҳо гигиенаи шахсиро риоя кунед, халос.

Савдогар бошад, табашро зуд-зуд месанҷид. Роҳравҳое, ки пур аз одам буд, холиву хомӯш буд.  Ҷо -ҷо одамони танҳое мисли шоҳи мурчаҳо аз якдигар дурӣ ҷӯста, ба ҳар самт мерафтанд.

Ин чи рӯзест! Он лаҳза духтари хурдакаки тахминан дуюнимсолаам канорам роҳ мерафту дар рӯяш ниқоб дошт. Ниқобаш аз гӯшҳояш хамида меафтод. Ниқобатро боло кун гуфтам Закияҷон. Закияи хурдакак «Коронавирусай?» гуфта ба ман савол дод. Ба сӯяш ботабассум нигариста, ба саволаш ҷавоб надода, ман ба ӯ суол кардам «Закия, коронавирус чӣ аст?» Закия ханда карда «Маст» гуфт, оча. Аз ҷавобаш фаҳмидам, ки Закияи хурдакак низ тарс дорад, зеро ки дар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем, марди бадмасте бо номи «Лёха»  тез-тез музоимамон мешаваду доду фиғон мекунад.

Аниқтараш апаи ҳамин марди маст ҳамсояи мо мебошад ва ҳар гоҳе марди бадмаст биёяду доду фиғон кунад, духтарони ман аз тарс гӯшаи хона хомӯш мешинанд, ба қавле метарсанд.

Пас аз ба хона баргаштан аввал дастонамонро шустем. Беназир –духтари калониям  давида омада гуфт: «Оча дар берун коронавирус набуд?» Не набуд гуфтаму ба дастшӯиям идома додам. Беназир боз пурсид «Оча, то ман мактаб рафтана коронавирус меравад?», меравад духтарам, ҳатто ҳамин моҳ меравад гуфтам ба духтарам. Беназири ман имрӯзҳо барои ба синфи якум рафтан омодагӣ мегираду бесаброна рӯзи 1-сентябрро интизор аст. Ҷавоби гуфтаам  зеҳнамро машҳук карда буд. Ба худ мегуфтам наход дар як моҳ наравад ин бало ва боз ҳам худро тасаллӣ дода мегуфтам, меравад, ҳатман меравад.

Коронавирус чӣ аст, мо аз ин дида сахтиҳои дигар, қаҳтиҳои дигар, бемориҳои аз ин ҳам вазнин ба монанди «Домана», «Хурӯсак», «СПИД» ва даҳҳо дигарро паси сар кардем, ин ҳам мегузарад.

Биёед, наметарсем, мубориз мешавем, зеро тарс бар шаъни тоҷикон нест. Агар он вируси тоҷдор бошад, пас мо ТОҶИКОНИ ТОҶДОРЕМУ ТОҶИ мо меросиву азалист.

 

 Саёҳат Абдуллоева, ноҳияи Ёвон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg