БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРХӮРДИ НОДУРУСТ ЭЪТИМОДРО КОСТА МЕГАРДОНАД

ВОКУНИШ. Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гузориши нави Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF)   дар Тоҷикистонро мутолиа намуда,  баҳодиҳии ғайримунсифонаи ниҳоди мазкур  мавриди нигаронии хоси мо қарор ёфт.    Мувофиқи навиштаи  муаллифони USCIRF,  дар Тоҷикистон  соли 2019 гӯё  аз ҷониби давлат вазъи озодиҳои динӣ  маҳдуд гардида бошад, ки ин иддао комилан беасос ва ғайримунсифона мебошад.  Дар  гузориши шубҳабарангез  омадааст, ки аз ҷониби давлат  намоиши ошкорои диндории фардии ҳама гурӯҳҳоро саркӯб карда, аққалиятҳои динӣ, ба вижа салафиҳо таъқиб гардидаанд. Дар идома гузоришдиҳандагон аз риши наҳзатиҳову фаранҷипӯшии хонаводаи онҳо пуштибонӣ намуда,  мақомоти кишварро интиқод кардаанд. Ба таъкиди муаллифони гузориш гӯё  "мақомот рукнҳои диниро, аз ҷумла дар маросими арӯсиву дафн саркӯб карда, таъқиби афрод барои ришдориву ҳиҷобпӯширо идома доданд". Вале вазъи ҳуқуқиву воқеии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар кишвар комилан дигар буда, эътиқодмандон рукнҳои диниву мазҳабии худро, ки мухолифи талаботҳои қонунҳои дохиливу байналмиллалӣ набошанд, озодона ба иҷро мерасонанд.  Пуштибонии рӯирости гузоришдиҳандагон аз ТТЭ ҲНИ, ки тамоми ҷиноятҳо ва амалҳои террористии анҷомдодаи ин гурӯҳ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи қонун мушкифона мавриди санҷиш қарор ёфта, бо гувоҳии шоҳидони зиёд исботу  тасдиқи худро ёфтаанду дар кишвар мамнуъ эълон гардидаанд, суолбарангезу ҳайратовар мебошад. Магар барои Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ (USCIRF) танҳо ҳамон гурӯҳҳое, ки ба амнияти ҷомеаи ИМА таҳдиду хатар эҷод менамоянд, гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ маҳсуб меёбанду халос?  Пас ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову террористие, ки ба амнияти ҷомеаи  ИМА хатар эҷод карда наметавонанду ба кишварҳои осебпазир хатари амиқ эҷод менамоянд, гурӯҳҳои осоиштаи сиёсӣ  ва муътадил ба шумор мераванд? Пас чунин гурӯҳҳо асос дар хоки ИМА амалҳои экстремистиву террористиро анҷом надиҳанд, боқӣ дар кадом гӯшаи дунё ҳар амали даҳшатнокро роҳандозӣ намоянд, ба хайр аст?  Чунин муносибат яқинан маълум месозад, ки дар бисёр масъалаҳо барои ниҳодҳои ИМА муносибати духўраву меъёрҳои дугона вуҷуд дорад.

Муаллифони гузориш худро ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вонамуд сохта, дар бораи нигарониҳои аққалиятҳои динии Тоҷикистон таҳрифкорона менигоранд: "Бисёр аққалиятҳои мазҳабӣ мансубияти динии худро пинҳон медоранд, чун метарсанд, ки мавриди азияти давлат қарор мегиранд". Магар аз арзёбии мазкур муаллифони гузоришро шармашон намеояд? Охир чунин ҳолат ҷой медошт, оё сокинони кишвар онро мушоҳида намекарданд? Агар мабодо чунин ҳолати монанд дар муносибати худи шаҳрвандон ҷой дошта бошад, оё метавон онро гуноҳи давлат шуморид? Барои гузоришгарон лозим буд, ки пеш аз ҳама, дар бораи ҷомеаи суннатии кишвари мо маълумоти кофӣ пайдо мекарданд. Дар он сурат худ итминон меёфтанд, ки ҷомеаи суннатии шаҳрвандии кишвари мо новобаста аз масъулияти ҷавобгарӣ дар назди қонун баъзе аз равияву гурӯҳҳои ғайримаъмулиро комилан қабул надоранд. Вобаста ба фазои зикргардида чандин  ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Вале муаллифон дағалона  амалкарди ҷинояткоронро ба давлат нисбат медиҳанд.   

Муҳаққиқони гузориш ба ҳукумати ИМА маслиҳат додаанд, ки минбаъд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона бо гузоштани шартҳои пешакӣ  пешниҳод карда шавад. Дар чунин ҳолат кумаки пешниҳодгардидаро оё ёрии муғризона ё башардӯстона номид?

Гузоришгарон аз ҳукумати ИМА тақозо доранд, ки нисбати бархе аз сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва шахсиятҳои ҷудогона таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ кунад. Пешниҳодҳои мазкур ба хости дили гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мувофиқ буда, ҳаракатҳои ҷиноии онҳоро фаъол мегардонад. Мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон дар симои ИМА ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар шарикони боэътимод ва хайрхоҳро мебинад. Бархўрди  нодуруст ва меъёрҳои дугона эътимодро коста мегардонад.

Одилҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg