БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСИСАҲОИ ИҒВОАНГЕЗ МОРО ШИКАСТ ДОДА НАМЕТАВОНАНД!

ВОКУНИШ. Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи бегонагон борҳо қарор гирифта буд. Лекин фарҳанги волои миллат таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро бо савгандҳои хӯрдааш дар назди халқу миллаташ собит намуд.

Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд. Дар тӯли садсолаҳои зиёди таърихии пурфоҷиаи тоҷикон аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.

Ба роҳбарияти ҲНИ кумаки молию сиёсӣ расонидани баъзе доираҳои сиёсии беруна дар симои намояндагони низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба он хотир сурат гирифтааст, ки минбаъд дар минтақа тарҳу барномаҳои махсуси исломӣ қувват гирифта, тадриҷан роҳандозӣ шаванд.

Лекин, собиқ раиси ҲНИ  М.Кабирӣ бо ошуфта шудан, бозичаи дасти хориҷиён гаштанаш гоҳ-гоҳ овози худро аз хориҷи кишвар бароварда, қисме аз муҳоҷирони ҳамватанро думболи худ мекашад.

Кабирӣ хуб медонад, ки гуноҳаш дар назди миллат хеле вазнин аст, бинобар ин талошҳояш баҳри сафед кардани зертобеони маҳкумгаштааш тавассути ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш ӯро маҷбур месозад, ки дар байни баҳри беканор дасту почак занад, то ки ғарқ нашуда, ба хушкӣ бирасад. Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи собиқ ҲНИ хуб ошно гашт ва пайомадҳои ӯро дид. Маълум гашт, ки он идеология ба халқ ҳеҷ чиз дода наметавонад. Ҷуз дурӯғу фитна, ошўбу ҷанг, вайронӣ ва хориву зорӣ дигар ҳеҷ чиз барояшон лозим нест. Мақсади нопоки онҳо бо роҳи вайрон кардани мафкураи мардум ба даст овардани Ҳукумат мебошад. Аввалан ин нақшаҳои азими сарпарастони хориҷиашон мебошад, ки сулҳу суботро дар минтақа вайрон намуда, бо ин амалҳояшон пояи оромиро бишкананд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрӯз дастпарварони собиқ ҲНИ бештар ба дигар мазҳабҳои тундрав гаравиданд. Аксари онҳо имрӯз роҳгум гаштаанд. Ватану миллат, падару модар ҳамаро ба маблағҳои ночиз иваз намуда, хоиниро ба гардан гирифтаанд.

Аз номи Худо сӯистифода карда, ҳақиқатро бо наҳвҳои дигар пиндоштанд, бегонапарастии динӣ ва сиёсӣ магар шараф аст, ки наҳзатиҳо бар муқобили халку миллати худ онро раво медонанд. Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ мефавтанд.

Мардуми мо дар ҳақиқат хоксор ва зудбовар ҳаст, чи хеле ки дар давраи фаъолият доштани ҲНИ ба хотири ҳизби исломӣ будан «гунаҳкор» нашавем гуфта, ин ҳизби худобехабарро қисме аз одамон дастгириву пуштибонӣ мекарданд. Намедонистанд, ки роҳбарияти ин ҳизб ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ аз номи поки дини Ислом пайваста истифода мебурданд ва истифода бурда истодаанд.

Ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми тоҷик, аз қабили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ исбот менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон дастгири сиёсати имрӯзу фардои Ватананд. Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои фоҷиабори миллатро фаромӯш намекунад. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷи кишвар пуштибонӣ аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳанд таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намоянд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар баранд.

Мо-тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар канори беғурбати модар эҳсос менамоем.

 

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg